Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд

Мухбира Қобилзода, ки се моҳи пеш раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд, аз ин мақом барканор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезия бо судури фармон дар зерсохтори ин ниҳод дар вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ гузаронидааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд бо фармони раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, Тоҳир Толибзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.

"Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини Кумитаи заминсозӣ ҷаласа баргузор шуда, Толибзода ба унвони раиси нави Идораи заминсозӣ муаррифӣ шавад", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Толибзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Мухбира Қобилзодаро иваз мекунад.
Қобилзода се моҳи пеш, дар нимаи моҳи апрел бо фармони Ориф Хоҷазода, ба ҷойи Ҷамшед Умарзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.
Он замон сабаби барканории Умарзода ба ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсияи мансабдорони давлатӣ шарҳ дода мешуд, ки дар ин мақом беш аз панҷ сол кардааст. Толибзода, то ин замон раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Таъйиноти кадрӣ: Қобилзода ҷойгузини Умарзода шуд
Тоҳир Толибзода 18 августи соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуровро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро минҳайси ҳуқуқшиноси КВД “Заминсоз” дар вилояти Суғд оғоз намуда, аз соли 2004 то ин ҷониб дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла раиси идораи замини шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Бо омадани ӯ ба вазифаи сардори Идораи заминсозии Суғд, Қобилзода раиси идораи замин дар шаҳри Гулистон таъйин шудааст.