Русия имкони тахлияи сафорати худ дар шаҳри Кобулро баррасӣ надорад

Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт ҷунбиши Толибон дар ояндаи наздик имкони забти Кобулро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тахлияи сафорати Русия дар Кобул дар робита ба тасарруфи Толибон* бузургтарин шаҳрҳои Афғонистон - Қандаҳор ва Ҳирот баррась нашудаастодааст.
Дар ин бора Замир Кобулов намояндаи вижаи раисыумщури Русия дар умури Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
"Ин масъала, ин баррасӣ намешавад. Толибон ҳеҷ имконияте надоранд, ки Кобулро дар ояндаи наздик тасарруф кунанд", - гуфт Кобулов.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Кобул бо Толибон музокироти сулҳро кашол медиҳад ва ба ҳамин хотир вазъ дар Афғонистон бадтар шудааст.
Дипломати рус гуфтугӯҳои худ бо намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро, ки дирӯз дар шаҳри Доҳа баргузор шуд, мусбат арзёбӣ кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* ба Кобул наздик шуданд
"Аммо ба мувофиқа расидан як масъла аст, иҷрои он дигар аст. Ин на танҳо ба Толибон рабт дорад, балки ба ҳукумати кунунии Кобул низ вобаста аст. Дар ниҳоят бояд худро ба даст гиранду музокироти пурмазмунро оғоз кунад. Онҳо вақто зиёд кашол доданд, ки вазъро то ба имрӯз расонданд", - таъкид кард ӯ.
Ахиран дар Доҳа музокирот оид ба ҳалли масоили Афғонистон баргузор шуд. Иштироккунандагони мулоқот дурнамои ҳалли осоишта дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистонро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон ба вуҷуд омадааст, баррасӣ карданд.
Ҳайати Кобулро раиси Шӯрои мусолеҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ раҳбарӣ мекард.
Дар нишасти Доҳа намояндагони вижаи Русия, ИМА, Чин ва Покистон ширкат доштанд.