Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Коршинос: муҳоҷирати гурезаҳои афғон метавонад боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шавад

Коршиноси низомӣ Владимир Евсеев шарҳ дод, ки муҳоҷирати гурезаҳои афғон ба Тоҷикистон чӣ хатар дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ташаккули ҳукумати гузариш аз ҷониби президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ширкати намояндагони ҳаракати радикалии Толибон*, имкон медиҳад, ки ҷангиён ба зудӣ қудратро дар кишвар ба даст гиранд, гуфт коршиноси низомӣ, раҳбари Шӯъбаи интегратсия ва рушди Авруосиё дар Донишкадаи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев.
Аммо ӯ бовар дорад, ки чунин вазъият бартариҳо низ дорад.

"Зуд ба даст овардани қудрат аз ҷониби Толибон* як ҷиҳати мусбат дорад, ки ихтиёран таслим шудани қаламравҳо ба маҷрои зиёди гурезаҳо боис намешавад", - шарҳ дод Евсеев.

Ба гуфти ӯ, дар сурати набардҳои ҷиддӣ дар марказҳои вилоёт, маҷрои зиёди шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуреза мешуд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Файзов аз мушкилот гуфту Синаноғлу аз барномаи вижа: омодагӣ барои қабули гурезаҳои афғон
Коршинос қайд кард, ки ҷараёни азими паноҳандагон аз Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия фоҷиабор хоҳад буд.

"Бо назардошти радикализми амиқтари онҳо дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин метавонад масалан дар Тоҷикистон, боиси кӯшиши тағйири ҳукумати дунявӣ шавад. Он замон такрори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ имконпазир аст", - гуфт ӯ.

Евсеев ҳамчунин ноором шудани вазъи Қирғизистон дар пасманзари Тоҷикистонро истисно намедонад.