ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии дӯстонаи мунтахаби кишвар бо яккачини ҷавонони Баҳрайн доир хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ду бозии дӯстонаи дастпарварони Мубин Эргашев санаи 3 ва 6 сентябр дар доир хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Манама пойтахти Баҳрай баргузор хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад.
Рақибони тими мо дастаҳои Лубнон (27 октябр), Непал (29 октябр) ва Эрон (31 октябр) хоҳанд буд.
Қаблан сармураббии тими ҷавонони кишвар барои омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2022 27 бозигар - 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намуда буд.