Толибон ҳазор маҳбусро аз шаҳрҳои ишғолкардаашон раҳо кардаанд

Қисме аз озодшудагон ҷангҷӯёни худи гуруҳи террористии Толибонанд*
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон* тақрибан ҳазор маҳбусро раҳо карданд, хабар медиҳад канали Tolo News бо истинод ба намояндагони маъмурияти зиндон.
Маҳбусон пас аз он ки Толибон* дар чанд рӯзи охир 6 шаҳрро ишғол карданд, аз зиндон озод карда шуданд.
Ба иттилои ин шабака, танҳо дар шаҳрҳои Қундуз ва Заранҷ то ҳазор маҳбус озод карда шудаанд. Толибон 630 маҳбусро дар шаҳри Қундуз раҳо карданд, ки 13 зан ва се хориҷӣ буданд. Ҳадди ақал 180 нафар аз озодшудагон ҷангҷӯёни Толибанд*.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки ҷангҷӯён боз 350 маҳбуси дигарро дар вилояти Нимроз, аз ҷумла 40 ҷангҷӯи Толибонро* озод карданд.
"Аксари онҳо бо иттиҳоми ҷиноёти - қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва ғоратгарии мусаллаҳона адои ҷазо мекунанд", - гуфт Сафиуллоҳ Ҷалолзай, раҳбари маъмурияти зиндонҳо.
Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки пас аз он ки нирӯҳои афғон назорати ин қаламравҳоро ба даст меоранд, боз зиндониёни озодшударо боздошт мекунад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* эълон карданд, ки писари маршал Дӯстумро асир гирифтаанд
Қаблан Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷии Афғонистон аз ҷаҳон даъват карда буд, ки ба Толибон* фишор оваранд. Вай дархост кард, ки ҳарчӣ бештар таҳримҳои СММ алайҳи ин ҳаракат таҷдид карда шаванд, масалан манъи сафар ба болои ин ҳаракат.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.