Марзбонони қирғиз нагузоштанд, ки ангишт ба Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид шавад

Мазбонони қирғиз боз як роҳи қочоқ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор карданд. Акнун ба дасти марзбонони қирғиз қочоқчиёни ангишт уфтоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 август - Sputnik. Хадамоти матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ Қирғизистон хабар додааст, ки дар вилояти Бодканд марзбонони ин кишвар кӯшиши қочоқи тақрибан 7 тонна ангиштро ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории Kabar.
Тавре манбаъ қайд кардааст, санаи 11 -уми август дар маҳаллаи Майти ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд як мошини боркаш, ки дар он ангишт бо арзиши умумии зиёда аз 29 миллион сом будааст, боздошт шуд.
Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон гуфт, ки марз бо Тоҷикистон кай боз мешавад
Тибқи иттилои манбаъ, дар 500 метр аз сарҳади шартӣ марзбонон ва афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ду мошини боркаш ва чанд шаҳрвандро, ки аз мошини бо рақамҳои давлатии Қирғизистон ба мошини рақамҳои давлатии Тоҷикистон ангишт бор мекарданд, пай бурданд.
“Ҳамин ки марзбон ба ҷои ҳодиса расид, ин афрод фирор карданд. Марзбонон як шаҳрванди Қирғизистон ва ду мошинро боздошт карданд” –таъкид доштааст КДАМ Қирғизистон.
Тақрибан 6-7 тонна ангишт ба мошини боркаш бо рақамҳои давлатии Тоҷикистон бор карда шуд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши умумии ангишт 29 миллион сомро ташкил додааст.
Пас аз бақайдгирии ҳуҷҷатҳои дахлдор, шаҳрванди боздоштшуда, борҳои қочоқӣ ва воситаҳои нақлиёт барои тафтишоти иловагӣ ба кормандони мақомоти салоҳиятдор интиқол дода шуданд.