ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Сарконсулгарии Эрон дар Мазори Шариф дар як баёнияе эълом доштааст, ки ба далели ташдиди ҷанг дар шимоли Афғонистони фаъолиятҳои ин консулгарӣ аз шаҳри Кобул идома хоҳад ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Сарконсулгарии Эрон дар Мазори Шариф дар пайи ташдиди даргириҳо дар манотиқи шимолии Афғонистон ва назар ба эҳтимоли бурӯзи бархе ноамниҳо дар шаҳри Мазори Шариф тасмим гирифтааст, бо ҳадафи идомаи хизматрасонӣ ва анҷоми маъмуриятҳои худ барои муддати маҳдуде фаъолиятҳои худро ба таври муваққат аз шаҳри Мазори Шариф ба Кобул мунтақил намояд”, - омадааст дар баёнияи сарконсулгарӣ.
Дар идомаи ин баёния ҳамзаомн гуфта шудааст, ки бо беҳтар шудани вазъ ва шароит дубора ин сарконсулгарии фаъолиятҳои худро дар ин шаҳр идома хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз беш аз 85 дарсади ҳудуди Афғонистон таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух дода буданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.