ДУШАНБЕ, 12 август - Sputnik. Ахиран гурӯҳи Толибон* дар расонаҳо эълон карданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ писари маршал Дӯстум сарҳанг, Ёрмуҳаммад Дӯстумро ба асорат гирифтанд.
Аҳмади Нерӯ, сӯхангӯи маршал Дӯстум ба Sputnik Тоҷикистон ин иддаои Толибон*-ро рад кард ва гуфт ҳоло Ёрмуҳаммад дар Мазори Шариф Қарор дорад.
Манбаъ таъкид дошт, ки шаби 7 август соати 03:00 шаб баъд аз суқути шаҳри Шебирғон тариқи чархболҳои низомӣ, Ёрмуҳаммад бо ҳамроҳии як гурӯҳи сарбозонаш аз ин минтақа ба Мазори Шариф интиқол дода шуд.
“Ӯ ҳамроҳ бо падараш аст. Дар Мазори Шариф қарор дорад. Ҳоло маршал бо писараш рӯи барномаҳои амалиётӣ дар шимол барои озод кардани Ҷузҷон кор доранд”, - гуфт Аҳмади Нерӯ сухангӯи Маршал Дӯстум .
Вай илова кард, ки як гурӯҳи сарбозони Ёрмуҳаммад ҳоло дар роҳ ҳастанд, онҳо аз сӯи Ҷузҷон ба тарафи Мазори Шариф ҳаракат доранд.
“Барои пуштибонӣ аз онҳо таёраҳои низомӣ фиристода шудаанд. Роҳҳо таҳти контроли Толибон аст ва ба ҳамин хотир онҳо бо ҷанг бояд барои худ роҳ гузоранд ва ба тарафи Мазори Шариф биёянд”, - қайд кард манбаъ
Ёрмуҳаммад Дӯстум, фармондеҳи нерӯҳои муҳофизатӣ ва зарбатии асосии маршал Дӯстум ба ҳисоб меравад.
Ёрмуҳаммад дар ҷангҳо аз ҷунбиши миллии маршал Дӯстум нақши ҳалкунанда дорад ва нафари дуюм дар ҷунбиши миллии исломии Афғонистон аст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд, ки писари раҳбари барҷастаи низомии Афғонистон маршал Дӯстум ба дасти ҷангҷӯён асир гирифта шудааст.
Гуфта мешуд, ки гӯё ӯ ҳамроҳ бо дигар сарбозон дар фурудгоҳи Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон таслим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маршал Дӯстум чанде пеш аз Туркия баргашт. Аз он вақт инҷониб Толибон* хонаи ӯро оташ задаанд.
Худи Дӯстум рӯзи чоршанбеи гузашта гуфта буд, ки Толибон* дар шимоли кишвар шикаст хоҳанд хӯрд. Фармондеҳи афғон ишора кард, ки сокинони шимоли Афғонистон бар зидди ҷангҷӯён қиём хоҳанд кард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.