ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Гурӯҳи хонандагони Тоҷикистон дар доираи барномаи ҳамасолаи "Здравствуй, Россия!", (Салом, Русия!) ба Маскав парвоз карданд, хабар медиҳад Россотрудничество дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар умум 700 кӯдак ва наврас аз 48 кишвари ҷаҳон ба Маскав омадаанд. Ҳамаи онҳо ғолибони олимпиадаи забони русӣ ва таъриху фарҳанги Русия мебошанд.
Барои хонандагон сайёҳати пурмазмун омода шудааст: онҳо маконҳои диданибоби Маскав ва вилояти назди пойтахтро тамошо хоҳанд кард.
Хонандагон аз Осорхонаи Ғалаба, Осорхонаи таърихӣ ва маркази санъати муосири "Винзавод" боздид хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар барномаи сайёҳатии онҳо, боздид аз театри "Геликон - опера", осорхонаи Моссовет, ВДНХ ва боғи "Заряде" дохил мешавад.