ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 70 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 76 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 123 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 11 август дар кишвар 15862 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15428 нафар (97,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 123 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.