ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Толибон* гуфтанд, ки вилояти Бадахшонро ишғол кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Намояндаи Толибон* мегӯяд, пойтахти ин вилоят шаҳри Файзободро таҳти назорат гирифтаанд.
Дар ин хабарнома қайд мешавад, ки Толибон* маъмурияти шаҳр, ситоди пулис, агентии истихбороти маҳаллӣ ва дигар муассисаҳоро забт кардаанд.
Оҷонсии маҳаллии Pajhwok бо истинод ба як манбаъи худ хабар дод, ки ҷангҷӯён қариб ҳамаи манотиқи вилояти Бадахшон, аз ҷумла пойтахти онро таҳти назорат гирифтанд ва нерӯҳои амниятии ҳукумат ақибнишинӣ кардаанд.
Як вакили парлумони маҳаллӣ ба хабаргузории Франс Пресс тасарруфи шаҳрро аз ҷониби ҷангиён, тасдиқ кард.
"Шаби гузашта нерӯҳои амниятӣ, ки бо Толибон* меҷангиданд, ба муноқишаи шадид дучор шуданд. Толибон* шаҳрро ишғол карданд. Ҳарду ҷониб талафоти зиёд доранд", - гуфт ӯ.
Пештар хабар расид, ки чанд пойтахти вилоёти Афғонистон таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ба гуфти Толибон*, ин нӯҳумин маркази вилоят аст, ки тайи се рӯзи охир таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз кишварҳои СААД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гиранд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо