ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар бораи тағйирёбии нарх ин ширкати мобилӣ ба муштариёни худ бо ирсоли смс паёмак иттилоъ додааст.
Бино ба нархномаи нав, ки ширкати мухобиротии Tcell эълон намудааст, арзиши хизматрасонии тарофаҳо 25% ё аз 1, 5 то 10 сомонӣ баланд шудааст.
"Аз ҷумла таърифи “Интихоби ман”, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон, 3 сомонӣ буд, ҳоло 4, 5 сомонӣ барои ҳар ҳафта ва тарофаҳо “даркор 19” ба “даркор 25 – сомонӣ”, “даркор 35 ба даркор – 45 сомонӣ, “осон 15” ба “осон – 25 сомонӣ” барои ҳар моҳ иваз карда шудаанд", - омадааст дар иттилоияи Tcell.
Яке аз операторони ширкат зимни суҳбат, сабаби болоравии арзиши хизматрасонии алоқаи мобилиро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, то ин замон ширкат аз рӯи ин тарофаҳо бо тахфифи 50% ба муштариён хизмат мерасонд, вале баъди ба анҷом расидани давраи имтиёзӣ ширкат танҳо 25% арзиши хизматрасониро баланд бардоштааст.
"Давраи имтиёзии баъзе аз ин тарофаҳо панҷ сол идома кардааст. Ширкат ҳоло танҳо 25% арзиши хизматрасонии тарофаҳоро боло бурдааст", - гуфт оператори ширкат.
Ширкати Tcell моҳи апрели соли гузашта бо ироаи паёмаки телефонӣ ба муштариёни худ аз ивази тарофаҳо ва баланд шудани арзиши хизматрасониҳои он хабар дода буд.
Он замон арзиши як дақиқаи занги баромад дар дохили шабака -20 дирам, зангҳо ба операторҳои дигар - 30 дирам, 1 Мб Интернет - 30 дирам буд.
Инчунин, нархи хизматрасониҳои иловагии “Интихоби ман” аз 5, 5 сомонии қаблӣ ба 6 сомонӣ ва “Диёри ман” ба 7 сомонӣ тағйир ёфта буд.
Зимнан ин ширкат яке аз пурнуфузтарин ширкатҳои мобилӣ дар миёни Babilon, Zet Mobile ва Megafon дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.