Муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳо ширкат мекунанд, имкон дорад умрбод ба Русия роҳ надиҳанд

Як умр ихроҷи муҳоҷироне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, аз эҷоди анклавҳо дар Русия ҷилавгирӣ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ дар қаламрави Русия иштирок мекунанд, бояд вурудашон ба кишвар умрбод манъ карда шаванд. Дар ин бора муовини раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Пётр Толстой дар пахши радиои Вести FM изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони корӣ бояд "на танҳо ҳуқуқҳои қонунӣ, балки масъулияти рафтори шахсии худро" низ таъмин кунанд.
"Ҷанг кардӣ - рӯзи дигар бо ҳавопаймо рост ба хона! Зиёда аз ин, ин гуна одамон бояд бидуни ҳуқуқи вуруд ба Федератсияи Русия аз умрбод кишвар хориҷ карда шаванд", - қайд кард Толстой.
Вай таъкид кард, ки бо ин роҳ Русия метавонад аз ташкили анклавҳои хориҷиён дар дохили ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Номбурда вазъи Фаронсаро мисол овард, ки дар он ҷо қувваи кории арзон аз Африқо меомад.
"Онҳо анклавҳо гирифтанд ва дар баъзе минатқаҳо, ки муҳоҷирон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ҳатто намехоҳанд омезиш ёбанд. Ва ҳоло чунин тамоюлҳо дар кишвари мо пайдо шуда истодаанд", - гуфт Толстой.
Қариб ҳамаи муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ дар Маскав ҳузур доштанд, боздошт шуданд
Ҳамзамон, Федератсияи Русия бо кишварҳое, ки таърихи муштараки Шӯравӣ доранд, бародарӣ мекунад.
Муҳоҷирон бояд қоидаҳои дар Русия муқарраршударо риоя кунанд ва қонунҳои худашонро ихтироъ накунанд, хулоса кард Толстой.
Қаблан маълум шуд, ки беш аз сад хориҷие, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ иштирок кардаанд, аз Федератсияи Русия хориҷ карда мешаванд. Онҳо танҳо баъди 40 сол метавонанд ба кишвар баргарданд.
Вақтҳои охир дар Русия муноқишаҳо байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад. Ҷангҳои оммавӣ гоҳ дар Маскав ва дигар шаҳрҳо сабт карда мешаванд. Калонтарини онҳо задухӯрди шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар назди истгоҳи метрои Кузминки пойтахт буд.