"Мошинро нася мегирифту арзон мефурӯхт": сокини Кӯшониён дар қаллобӣ айбдор мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти нафаре хабар додааст, ки дар бозори мошинфурӯшӣ худравҳоро бо нася гирифта, баъдан онҳоро бо нархи арзон ба дигарон мефурӯхтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik.Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, марди муттаҳам, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён мебошад, ки ба фиребкорӣ дар мошинбозори шаҳри Бохтару ноҳияи Восеъ машғул будааст.
Таъкид шудааст, ки айбдоршаванда қаблан бар асоси моддаи 255 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои нобуд кардани молу мулк суд шудааст.
Дар феҳрасти иттиҳоми нави гумонбар зикр шудааст, ки ӯ дар ноҳияи Восеъ аз сокини ноҳияи Данғара, мошини “Дэу-Леганза”-ро 17 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, гирифтаст. Ӯ бо пардохти 2 ҳазор сомонӣ ваъда додааст, ки пули боқимондаро се рӯз пас медиҳад.
“Аммо бидуни огоҳ намудани соҳибмулк автомашинаро ба дигар шахс ба маблағи 9000 сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати худаш сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки гумонбар инчунин аз сокини шаҳри Бохтар “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Мошини дигар – “Ласети”-ро аз сокини Кӯшониён 44 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, бо пардохти 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Парванда алайҳи ҷавонзану марди 40-сола: миллионҳо пулро гирифта, бозпас надодаанд
“Ваъда кардааст, ки маблағи боқимондаашро дар рӯзҳои наздик бармегардонад, аммо автомашинаро ба дигар шахс фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсияш сарф кардааст”, - таъкид намуд ВУД.
Мақомот мегӯянд, алайҳи муттаҳам барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки агар ҳадафи фиреби чунин афрод қарор гирифтаанд, ба идораи милиса муроҷиат намоянд.
Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот оварда нашудааст.