ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо мавҷи дуюми паҳншавии бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба андозаи қариб 230 ҳазор сомонӣ кумаки башардӯстона барои беморхонаҳою оилаҳои ниёзманди кишвар равона гардид, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Гуфта шудааст, ки кумак асосан барои хариди бастаҳои гигиенӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки тибқи нақша, як қисми маводи мазкур ба чанд муассисаи тандурустии кишвар ва оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе дастрас гардид.
“Аз ҷумла, муассисаҳои давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов ин кумакҳоро дарёфт намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки ҷамъияти мазкур дар марҳилаҳои аввалини паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ дар расондани кумакҳои моддӣ ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ миёни созмонҳои байналмилалӣ фаъолтар буд.