Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад

Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад. Дар ин бора ба РИА Новости вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода хабар дод.
"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.
Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
"Омори кӯтоҳмуддат ба таҳлили мукаммал имкон намедиҳад", - гуфт Завқизода.
Вазир афзуд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои узви ИИАО ҳамкорӣ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии кишвар Русия ва Қазоқистон мебошанд. Илова бар ин, сармоягузориҳо ба ҷумҳурӣ тавассути Бонки Авруосиёии Рушд ворид мешаванд.
Эрон метавонад вориди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад: шарҳи Арешев
Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.
Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.