ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ мегӯяд, то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар шаҳр, маркази нохияҳо ва деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, дар аназар аст.
Файзов дар паёми шодбошияш бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки 10 август таҷлил мешавад, иттилоъ дод, ки феълан дар вилоят 403 иншооти варзишӣ аз ҷумла як маҷмааи варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 293 майдончаҳои одии варзишӣ, 11 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии “Вастан” , 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3 ҳазору 648 нафар варзишгар фаъолият доранд. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин миён 673 варзишгар духтаранд.
Дар мавриди дастовардҳои варзишгарони вилоят, Файзов зикр намуд, ки соли равон дар дар 38 мусобиқаи вилоятӣ, 18 мусобиқаҳои чумҳурӣ, 1 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудаанд. Манбаъ афзуд, ки варзишгарони вилоят ба гирифтани 31 медали тилло, 10 медали нуқра, 30 медали биринҷӣ муваффақ гардиданд.
Раиси ВМКБ изҳори умед кард, ки дар оянда чунин пирӯзиҳо боз ҳам зиёдтар хоҳанд шуд.