Тиҷорати миёни Эрону Афғонистон ба таври комил мутаваққиф шуд

Раисҷумҳури утоқи муштараки бозаргонии Эрону Афғонистон хабар додааст, ки тайи рӯзҳои ахир раванди тиҷорат миёни ду кишвар комилан мутаваққиф шуда аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ҳусейн Салимӣ, раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон дар бораи вазъи тиҷорати ду кишвар дар рӯзҳои охир чунин гуфт, ки даргириҳо, ҳамалоти Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба нерӯҳои ҳукуматӣ, бахусус бомбаборони Афғонистон аз сӯи ИМА, тиҷоратро комилан қатъ кард ва марзҳоро баст.
Салимӣ дар ин замина шарҳ дод, ки хавфи тиҷорат дар ин шароит хеле боло аст ва чӣ фурушандагони эронӣ ва чӣ харидорони дохили Афғонистон ҳозир ба қабули ин хавф нестанд. Зеро маълум нест, ки боре ба дохили Афғонистон меравад ба дасти харидор бирасад ё хайр. Аз тарафи дигар, ин борҳо бима ҳам надоранд ва мавзӯъ мизони хавферобисёр афзоиш медиҳад.
Толибон* пешниҳоди эҷоди давлати муваққатиро рад карданду гуфтанд, кай Кобулро мегиранд
Вай дар бораи мизони эҳтимолӣ ба колоҳои содиротии Эрон ба далели нооромиҳои ахири Афғонистон низ тавзеҳ дод: “Азбаски раванди тиҷорат қатъ шуд, осеби ворида кам буда аст. Аммо омори дақиқ аз он вуҷуд надорад, яъне наметавон мушаххас кард, ки чӣ мизоне аз борҳои колоҳои эронӣ ба даст харидорон расида аст. Дар шароити феълӣ наметавон омори дақиқе аз Афғонистон гирифт”.
Раиси утоқи муштараки тиҷорати Эрон ва Афғонистон идома дод, ки аксари тоҷирони афғон низ корро бо Эрон қатъ кардаанд ва мунтазири беҳбуди вазъ мешаванд.
“Мо бояд ҳадди ақал як ҳафта ё даҳ рӯз интизор шавем, то бубинем, ки чӣ рӯх медиҳад", - оқои Салимӣ.