ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, Рӯзи варзишгарони ҷумҳурӣ, ки ҳамасола 10 август таҷлил мешавад, имсол бо баргузории ҳамоиши бузург таҷлил шуд.
Абдулло Раҳмонзода тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи варзишгарон табрик карда, аз афзалиятҳои ин соҳа гуфт.
“Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст”, - таъкид кард Раҳмонзода.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин чорабинӣ барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба як қатор собиқадорони соҳа ва варзишгарон унвонҳои варзишӣ супорид, афзуд
Таъкид шудааст, ки дар пайи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.
Абдуллозода аз шароитҳои инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар Тоҷикистон тавсиф карда, афзуд, ки варзишгарони тоҷик барои баланд гардидани нуфузу эътибори Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ӯ афзуд, ки инчунин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.