ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ризо Боҳир, муовини сухангӯи вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагон, гуфтааст, ки аз аввали моҳи августи имсол тақрибан 57 ҳазор хонаводаҳо дар саросари кишвар беҷо шудаанд, ки шумори оворагон ба ҳудуди 5 ҳазору 300 хонавода мерасад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҷаноби Боҳир афзуд, ки муҳоҷирон аз вилоятҳои Ҳилманд, Қундуз, Қандаҳор ва Нангарҳор мебошанд.
Муовини сухангӯи Вазорати муҳоҷирин афзуд, ки теъдоде аз онҳо кумаки башардӯстона дарёфт кардаанд ва ин раванд то ҳол идома дорад.
Вай афзуд, ки дар бархе аз манотиқи ноамн дастрасӣ надоранд, ки беҷошудагонро шиносоӣ кунанд.
Мақомот таъкид кардааст, ки мумкин аст шумори беҷошудагон аз ин ҳам бештар бошад.
Ба гуфтаи Ризо Боҳир, Созмони Милал, Иёлоти Муттаҳида ва як қатор кишварҳои дигар ваъда додаанд, ки дар ин масоил кӯмак хоҳанд кард.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҷанг ба пойтахтҳои як қатор вилоятҳо расидааст ва мардуми овора мегӯянд, ки ба онҳо кумак нарасидааст, ё агар расида бошад ҳам ба таври кофӣ нест.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.