ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, Сафар Боев дар синни 69-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора дар Facebook хабар дода шуда, гуфта мешавад, ки марҳум рӯзи 9 август дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Сабаби марг номаълум аст.
Сафар Боев - раиси Кумитаи миллиии паралимпии Тоҷикистон
© Facenook/Сафарбек Саидов
Ҷанозаи марҳум, 10 август дар маҳаллаи зисташ шаҳри Душанбе багузор гардидааст.
Дӯстону пайвандон ва шогирдони зиёди варзишкори маъруф ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ карда ва сабри ҷамил орзу доранд.
Сафар Боев 28 октябри соли 1952 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст.
Аз соли 1973 то 1983 ба ҳайси корманди мақомоти қудратӣ фаъолият намудааст.
Соли 1994 дар марафони байналмилалӣ аз шаҳри Санк-Петебурги Русия то Алма-Атои Қазоқистон дар масофи 9000 км ширкат кардааст.
2 декбари соли 1994 худи Президенти вақти Федератсияи Русия Борис Елсин ба Боев барои ширкат дар ин марафон ордени “Мардонагӣ”- и дараҷаи сеюмро тақдим кард.
Замони роҳбарии Боев ба ҳайси презединти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон як қатор варзишгарон дар Бозиҳои паралимпӣ, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Аз ҷумла, солҳои 2004, 2008, 2012 ва 2016 Тоҷикистонро як нафарӣ дар бозиҳои тобистонаи паралимӣ намояндагӣ карданд.
Аммо, имсол варзишкори тоҷик Парвиз Одинаев ба далели ширкат накардан дар сабқатҳои бонуфуз, аз ширкат дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар Токио маҳрум шуд.