ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли СААД дар бораи хатари эҳтимолии вуруди густардаи гурезагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.
Ҳамчунин дар паёми паҳнкардаи ин созмон, Станислав Зас аз хатари вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
"Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва шариконаш аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуд. Ин кишвар бо ҳам бештар ба бетартибиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Эҳтимоли хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дорад", - гуфт дабири кулли СААД ҳангоми сафари худ ба Арманистон.
Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар Кушониен ва Хоруғ ду анбор кушода мешавад, ки дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда мешаванд.