Сергей Ковалев, ҳомии ҳуқуқ ва яке аз муаллифони конститутсияи Русия даргузашт

Ҳомии ҳуқуқи шинохтаи рус ва яке аз муаллифони қонуни асосии Русия дар синни 91-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Сергей Ковалев, ҳомии ҳуқуқ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи Русия дар 91-солагӣ даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар бораи марги Сергей Ковалевро писари ӯ дар Иван, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар додааст.
“Падарам рӯзи 9-уми август дар шаҳри Маскав фавтид”, - навиштааст писараш.
Ковалев яке аз тарафдорону ҳамроҳони Андрей Сахаров, ҳомии машҳури ҳуқуқ буд.
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода даргузашт
Ковалёв дар соли 1974 барои фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи башар боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.
Дар солҳои навадум ӯ яке аз бунёдгузорони маркази ҳуқуқи инсон "Мемориал" (ба феҳристи агентҳои хориҷӣ ворид карда шудааст) дар Маскав буд.
Ӯ нахустин Ваколатдори ҳуқуқи башари Русия буд. Ӯ ошкоро ба ҳукумати Русия дар бораи поймол кардани ҳуқуқи башар гузориш медод.