ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ва шаҳрдори Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода барои азнавсозии мактаби рақами 28 санги асос гузоштанд.
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи шаҳр сохта мешавад. Арзиши лоиҳа 20 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шудааст, ки иншоот аз чор ошёна иборат хоҳад буд, ки 22 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад дошт.
Шаҳрдорӣ афзуд, ки мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар маросими оғози бозсозии мактаб Раҷаббой Аҳмадзода, аз масъулини бахши маорифи шаҳр даъват намуд, ки ба соли хониши нав омодагии комил бигиранд.
"Муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омода ва хонандагон бо сару либоси мактабӣ таъмин карда шаванд", - дастур дод Аҳмадзода.
Зимни гузоштани санги асос эълон шуд, ки бунёди бинои нави мактаб моҳи марти соли 2022 ба анҷом расонида мешавад.
Манбаъ таъкид намуд, ки бинои қаблии мактаби рақами 28 ҳанӯз 1939 сохта шуда, ниёз ба таъмиру азнавсозӣ дошт.