ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко, гуфт дар ояндаи наздик метавонад, аз мақоми роҳбари кишвар канор равад.
“Ояндаи наздик, хеле наздик”, - изҳор дошт Лукашенко зимни суҳбат дар бораи канорравияш аз мақоми роҳбари кишвар.
Раисиҷумҳури Белорус зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар мавриди санаи дақиқ ҳадс задан зарурате нест.
Ба суол дар мавриди ҷойгузинаш, Александр Лукашенко, аз нафари мушаххасе ном набурд, танҳо шумораашонро баён дошт.
Ӯ гуфт, 15 – 20 нафареро мебинад, ки метавонанд то ба сатҳи роҳбари давлат рушд кунанд.
Инчунин роҳбари Белорус тағйирот ба қонунгузории кишварро ворид намуд, ки масоили идориро дар сурати кушта шуданаш, ғайри қобули кор донистанаш ё фавташ бар асари беморӣ танзим мекунад.