Ҳамла ба қасри Аҳмадшоҳ Масъуд: ҳамлаи Толибон* ба вулусволии Обшори Панҷшер

Толибон* дар минтақаи Остонаи калон вулусволии Обшори вилояти Панҷшер, бар нерӯҳои давлатӣ ҳамла намудаанд ва ҷанг миёни ду тараф ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ҷангҷӯёни Толибон* ба минтақаи Остонаи калони вулусволии Обшори Панҷшер, ки дар марз бо вилояти Лағмон ҷойгир аст ҳамла карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи “Пажвок”.
Муҳаммад Сӯҳроб, волии Обшор гуфт, ки Толибон* аз сари кӯҳҳои Остонаи калон, ба сӯи нерӯҳои давлатӣ ва хезишҳои мардумӣ рокет шилик намуданд ва сипас ду тараф даргири ҷанг шудаанд.
Ба гуфтаи вай, то ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ хабаре нест.
Моҳиддин, як сокини Остонаи калон, ба хабаргузории Пажвок Афгонистон гуфтааст, ки задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи Остонаи калон байни ҷангҷӯёни Толибон* ва нерӯҳои амниятӣ идома дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳушдори Толибон* ба Амрико аз дахолат дар умури Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, вай қайд кардааст, ки то ҳол хабаре дар бораи талафоти ду тараф дар даст надоштааст.
Ҳамзамон, сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки Толибон баъзе минтақаҳои ин минтақаро таҳти назорати худ гирифта, ба маркази ноҳия наздик шудаанд.
Мақомоти маҳаллӣ дар Панҷшер ин иддаоро рад мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Sputnik Афғонистон аз суқути маркази ноҳияи Тахор шаҳри Толиқон хабар дод.
Ин минтақа пурра ба зери контроли Толибон* гузаштааст.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.