ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули коллеҷ дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Қурбонов К.Э. муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз як корафтода барои интиқол интиқол додани ӯ аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.
Манбаъ меафзояд, муовини деканро кормандони оҷонсӣ дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ аз корафтода маблағи дархосткардаашро гирифт.
"Маблағи аз ӯ гирифташуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.