ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Шодихон Ҷамшед, раиси пешини ВМКБ ва ноиби феълии вазири тандурустии Тоҷикистон ҳамроҳи ҷойгузинаш дар мақоми раиси вилоят, Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ доштаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ, Шодихон Ҷамшед ва Ёдгор Файзов бо рафти корҳои сохтмонии беморхонаи минтақавии деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим шинос шудаанд.
Таъкид шудааст, ки беморхонаи минтақавии деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.
Арзиши сохтмони беморхона дар ноҳияи дурдасти ВМКБ 6 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, он ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлол мавриди истифода қарор дода мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва таваллудхона ҷой дода шуда, дар ошёнаи дуюм шуъбаи ҷарроҳӣ ва бемориҳои даруна ба нақша гирифта шудааст.