ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Бишкек пулис Универмаги марказии Айчурукро, ки дар хиёбони Чуй воқеъ аст, муҳосира кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бино ба маълумоти тасдиқнашудаи шоҳидони айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шахсони номаълум чанд нафарро гаравгон гирифтаанд. Ҳамзамон зикр мегардад, ки ин фурӯшгоҳ минакорӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Раёсати корҳои дохилии Бишкек қайд карданд, ки онҳо ин маълумотро дақиқ мекунанд.
Пештар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар расид, ки чанд зан дар Универмаги марказӣ рафтори шубҳанок доранд. Дар ҳоли ҳозир, пулис меҳмонон ва кормандони маркази савдоро берун овардааст.