ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд. Ин тасмим дар мулоқоти раҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ бо президент Ашраф Ғанӣ гирифта шудааст.
"Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои дастгирии хадамоти амниятӣ,хезишҳои мардумиро саривақт мусаллаҳ созанд", - қайд кардаанд аз маъмурияти Ғанӣ.
Ин чора аз ҷониби мақомоти кишвар дар пасманзари ҳамлаи аъзоёни ҷунбиши радикалии Толибон* гирифта шудааст.
Қаблан маълум шуд, ки ҷангҷӯён ба Мазори Шариф ҳамла кардаанд. Шаҳр маркази маъмурии вилояти Балх ва бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар шимоли ҷумҳурӣ мебошад.
Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан дар наздикии Мазори Шариф задухӯрдҳои шадид идома доранд.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид, вазъ дар Афғонистон аз назорати ҳукумат берун аст.
"Нерӯҳои мо бо суръати мӯътадил пеш мераванд ва Мазори Шариф ба зудӣ суқут мекунад. Мо инчунин мекӯшем оромона ба дигар шаҳрҳои боқимонда ҳаракат кунем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.
Пештар Толибон* бори аввал дар панҷ сол маркази вилоятеро ишғол карданд: шаҳри Заранҷ таҳти назорати радикалҳо қарор гирифт.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.