ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дувоздаҳ узви як хонавода дар Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад Ariana News аз қавли як пайванди қурбониён.
Ба иттилои манбаъ, ҳар 12 узви як хонавода бар асари мунфаҷир шудани маводи таркандаи худсохт ҷон аз даст доданд. Миёни кушташудагон аз ҷумла 6 кӯдак қарор доштанд.
Ин ҳодисаи нангин дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон иттифоқ афтодааст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи шанбе як мошин ҳомили як хонавода дар ноҳияи Сайид Карам бар асари таркиши маводи худсохт кушта шуданд. Ҳамзамон ду кӯдаки дигар дар ин ҳодиса шадидан маҷрӯҳ шуданд.
То кунун масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.
Дар Афгонистон задухӯрди байни куввахои хукуматй ва Толибон * чанд сол боз давом дорад. Дар моҳҳои охир Толибон қисматҳои зиёди манотиқи деҳот ва марзро ишғол карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла карданд.
Шиддат дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки Вазорати умури хориҷии Русия онро эътирофи нокомии рисолати Вашингтон дар Афғонистон номид.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон * дар Доха аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли зиёда аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он пешбинӣ мекунад, ки нерӯҳои хориҷӣ дар давоми 14 моҳ аз Афғонистон хориҷмегарданд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Афғонистон