Аз намоишгоҳ Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидан карданд.
Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон инчунин хатсайрҳои ҷолиби сайёҳиро пешниҳоди ҳозирин кард.
Шералӣ Кабиров, вазири саноати Тоҷикистон ба роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бархе аз маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро муаррифӣ намуд.
Дар маҷмуъ дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон 12 коргоҳу корхонаҳои ватанӣ ширкат карданд.
Аз ҷумла “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Намояндагони Тоҷикистон маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнашикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.
Ӯзбекистон низ дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон маҳсулоташ, аз ҷумла фановариҳои ҷадидро ироа намуд.
Маросими истиқбол дар гӯшаи туркмании Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон
Гӯшаи Қазоқистон дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми муаррифии гӯшаи ҷумҳурӣ, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд.