Теъдоди нашъамандон дар Суғд: бархе навоҳӣ ягон муътод надоранд

Мақомоти мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз афзоиши ошкоршавии ҷиноёти марбути ин бахш гузориш доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд мегӯяд, дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ 25 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 се ҷиноят зиёд аст.
Фаррух Зиёзода, сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки 899 нафар нашъамандон дар қайди норкологӣ буда, аз ин шумора 22 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Нашрияи "Пайк" аз қавли сардори Раёсат афзуд, ки шумораи нашъамандон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент ва Ҷаббор Расулов коҳиш ёфтааст, аммо дар бархе шаҳру навоҳӣ зиёд шудааст.
Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд
Дар феҳрасти шаҳру навоҳие, ки нашъамандон дар он зиёд шудааст, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд зикр шудааст. Дар ноҳияи Айнӣ ва Шаҳристон ягон бемори нашъаманд ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои Зиёзода дар шаш моҳ, раёсати Агентӣ 151 кило бангдонаро мусодира кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 74 кило бештар аст.
Ӯ аз фоҷиабор будани истифодаи нашъа зикр намуда, ҳушдор дод, ки ягон ҷиноят беҷавобгарӣ намемонад. Ба иттилои раёсати Агентӣ бо фикри айбдоркунӣ 17 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 25 нафар барои баррасӣ ба мақомоти додгоҳӣ фиристода шудаанд.