Месси ба "ПСЖ" мегузарад: бародари амири Қатар тасдиқ кард

Лионел Месси, собиқ ҳамлавари бошгоҳи "Барселона" имкон дорад, корномаи варзишияшро дар тими парижиҳо идома диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Холид бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, бародари амири Қатар, тасдиқ мекунад, ки музокироти Пари Сен-Жермен бо Лионел Месси хеле хуб пеш меравад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, ситораи аргентинӣ пас аз чанд рӯз бо ин клуб шартнома мебандад.
"Музокирот расман ба охир расид. Натиҷаи он баъдан эълон мешавад", - навиштааст бародари амири Қатар дар сафҳаи Твиттераш.
Ахиран “Барселона” эълон намуд, ки созишномаи ҷадид бо ҳамлагари аргентиниро бинобар қоидаҳои Ла Лига ва мушкилоти молиявӣ наметавонад шартномаи Мессиро имзо кунад ва ин бозигар метавонад ба ягон дастаи дигар гузарад.
Овозаҳо дар бораи гузариши бозигар ба дастащои "Манчестер Сити", "Челси" ва "Пари Сен-Жермен" ба авҷи худ расид.
Дар ҳамин ҳол, "Манчестер Сити" изҳор дошт, ки ният надорад ситораи аргентинаро харидорӣ кунад ва "Челси" то ҳол ба ситораи собиқи Барселона пешниҳоди расмӣ накардааст.
Аммо, "Пари Сен-Жермен" ягона дастаест, ки қудрат ва тасмими имзои Мессиро дорад ва гуфта мешавад, ки ҷонибҳо низ музокиротро оғоз кардаанд.
Ин тим барои Мессӣ ҷолиб арзёбӣ мешавад, чун имкони кумак барои қаҳрамонии нахустини даста дар Лигаи чемпионҳоро дорад.
Қаблан низ тими эҳтимолии нави Мессиро “ПСЖ” мегуфтанд ва ба таъкиди коршиносони соҳа агар чунин нашавад, ин “сюрпризи бузурге” хоҳад шуд.
Дар баробари ин дар ҳайати дастаи Париж, футболбози бразилӣ, Неймар ҳунарнамоӣ мекунад, ки бо Мессӣ муносиботи хуб дорад.