Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард

Як бошгоҳи футбол дар Қатар барои ситораи футболи Аргентина 1 миллиард евро пешниҳод кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Бошгоҳи "Ас-Садд" -и Қатар барои ба ҳайаташ овардани ситораи собиқи футболи "Барселона" Лионел Месси як миллиард евро пешниҳод кардааст.
Бар асоси ин гузориш, пешниҳоди як миллиард евро барои шартномаи сесолаи ситораи собиқи "Барселона" пешниҳод шудааст.
Мавриди зикр аст, ки сармураббии феълии "Ас-Садд" Хави ҳамдастаи собиқи Лионел Мессӣ дар "Барселона" мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Месси бо бошгоҳи "Барселона" аз 30 июл ба поён расид.
Бошгоҳи "Барселона" расман 5 август аз рафтани Лионел Месси хабар дод. Ӯ дар ин тим аз соли 2003 инҷониб бозӣ мекард.
Расонаҳо тими нави Мессиро маълум карданд: “Манчестер сити” аз ӯ даст кашид
Шартномаи нав бо Месси бо сабабҳои "молиявӣ ва сохторӣ", инчунин дар робита бо қоидаҳои лигаи Испания баста нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Холид бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, бародари амири Қатар, дар сафҳаи Твиттераш навишт, ки музокироти "Пари Сен-Жермен" бо Лионел Месси хеле хуб пеш меравад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, ситораи аргентинӣ пас аз чанд рӯз бо ин клуб шартнома мебандад.
"Музокирот расман ба охир расид. Натиҷаи он баъдан эълон мешавад", - навиштааст бародари амири Қатар.
Қаблан низ тими эҳтимолии нави Мессиро “ПСЖ” мегуфтанд ва ба таъкиди коршиносони соҳа агар чунин нашавад, ин “сюрпризи бузурге” хоҳад шуд.
Дар баробари ин дар ҳайати дастаи парижиҳо, футболбози бразилӣ, Неймар ҳунарнамоӣ мекунад, ки бо Мессӣ муносиботи хуб дорад.