Ба иттилои ВУД, садама, ки аксу наворҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуданд, шоми 31 июл дар маҳаллаи 12 – уми шаҳри Хуҷанд рух дод.
Манбаъ тавҳез дод, ки автобуси мусофирбари хатсайри 3-и муассисаи давлатии нақлиётии шаҳр, аз сабаби тамом шудани сӯзишворӣ дар канори роҳ меистод.
“Автобуси мусофирбари тамғаи “Лиаз”, ки аз сабаби тамом шудани сӯзишворӣ дар канори роҳ бе ронанда ва мусофир меистод, ба ҳаракат даромада, ба пастхамии роҳ сарозер шуда, ба се воситаи нақлиёт, ду автомашинаи тамғаи “Опел” ва як “Део” бармехӯрад”, - омадааст дар гузориши ВУД.
Манбаъ таъкид намуд, ки садама талафоти ҷонӣ надорад, танҳо осеби техникӣ дар пай гузоштааст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани садамаро ташхиси техникӣ муайян хоҳад кард.