ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Муовиниони вазири тандурустӣ рафти табобати беморони COVID -ро дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе санҷиданд.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намудаанд.
Муовинон бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории COVID-19 шинос шудаанд.
Гуфта мешавад, ки "дар ин ҷо беморон ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд ва табибон баҳри наҷоти ҷони кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт".
Гуфта мешавад, ки дар муассисаҳои тандурустие, ки гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Намояндагони вазорат бо пайвандони беморон, суҳбат карда гуфтаанд, ки Ҳукумат баҳри табобат тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Ин дар ҳолест, ки омори ҳаррӯзаи Вазорат аз афзоиши бемории коронавррус дар кишвар шаҳоддат медиҳад. Танҳо дар давоми моҳи июл ин вабои аср ҷони 31 танрро гирифт.