ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Мессӣ, ки баъди 21 соли ҳамкорӣ тарки “Барселона” намуд, ҳунарнамоияшро дар тими фаронсавии “ПСЖ” давом медиҳад, хабар додааст РИА Спорт бо такя ба нашрияи испании Marca.
Ахиран “Барселона” эълон намуд, ки созишномаи ҷадид бо ҳамлагари аргентиниро намебандад ва ӯ феълан озод аст. Мессӣ аз тирамоҳи соли 2000-ум ҳамкориро бо “Барселона” оғоз карда буд ва бори аввал дар ҳайати даста 16 ноябри соли 2003-юм вориди майдон шудааст.
Ба иттилои рӯзномаи испанӣ, “ПСЖ” ягона бошгоҳи рақобатпазир мебошад, ки майли харидани Мессиро дорад. Тими англисии “Манчестер Сити” аз хариди футболбози аргентинӣ ақибнишинӣ кард, ки ин тасмим ба тангдастии иқтисодӣ рабт дода мешавад.
Ба эҳтимоли зиёд, тими нави Мессӣ “ПСЖ” хоҳад буд, таъкид намудааст манбаъ ва агар чунин нашавад, ин “сюрпризи бузурге” хоҳад шуд.
Расман дар мавриди созишнома бо “ПСЖ” бояд ҳафтаҳои наздик эълон карда шавад. Ин тим барои Мессӣ ҷолиб арзёбӣ мешавад, чун имкони кумак барои қаҳрамонии нахустини даста дар Лигаи чемпионҳоро дорад.
Дар баробари ин дар ҳайати дастаи Париж, футболбозои бразилӣ, Неймар ҳунарнамоӣ мекунад, ки бо Мессӣ муносиботи хуб дорад.