Раисӣ ноамнӣ ва таниш дар Афғонистонро тавтеаҳои бегонагон донист

Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Афғонистон қайд кардааст, ки хоҳони он аст, ки дар ин кишвар сулҳи пойдору одилона барқарор шавад ва мардуми Афғонистон аз ранҷу машаққат раҳоӣ ёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Сайидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ахиран дар дидор бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки Эрон омодааст зарфиятҳои худро дар масири эҷоди сулҳи пойдору ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Афғонистон ба кор бигирад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Раисҷумҳӯрии Эрон афзуд, ки кишвараш хоҳони амният, рифоҳу иззати мардум Афғонистон аст ва аз ҳеч кумаке барои таъмини ин ҳадаф кутоҳӣ накарда ва нахоҳад кард.
Раисӣ сабаби аслии ноамнӣ ва таниш дар Афғонистонро тавтеъаҳои бегонагон донист ва зикр кард, ки бидуни шак бо коҳиши ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ҳам таҳрикоту фитнаафканиҳои онон ба равишҳои мухталиф идома хоҳад ёфт, зеро манофеъ ва ҳаёти онон дар вуҷуди ноамнӣ аст.
“Эрон омодааст дар ин замина мусоидат ва ҳамкорӣ дошта бошад, то сулҳи пойдору одилона барқарор шаваду мардуми Афғонистон аз ранҷу машаққат раҳоӣ ёбанд”, - қайд кард раисҷумҳури Эрон.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Афғонистон аз шурӯи фасли ҷадид дар муносиботу равобити Теҳрону Кобул гуфт.
Раисӣ: равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар аст
“Афғонистон тамоюл дорад равобити сиёсӣ ва иқтисодии худро бо Эрон дар тамомии заминаҳо густариш диҳад. Эрон нақшу ҷойгоҳи барҷастае дар суботу амният минтақа дорад ва хоҳони истифода аз зарфиятҳои Эрон барои иқдомоту ҳамкории муштарак дар масири истиқрори амнияти пойдор дар Афғонистон ҳастем”, - гуфт Ашраф Ғанӣ.
Ашраф Ғанӣ ҳамчунин аз Эрон барои қабули муҳоҷирини афғонистонӣ изҳори сипос кард.
Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Афғонистон ба Теҳрон барои ширкат дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳурӣ Эрон рафта буд.