Президенти Қирғизистон хост, монеагузориҳо дар марз набошад

Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар мулоқоти мушваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳони рушди бештари тиҷорат, ҳамлу нақли бор ва ҷилавгирӣ аз монеагузориҳо дар марзи кишварҳои минтақа шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон дар мулоқот бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон яке аз масирҳои калидӣ дар шабакаи нақлиётии кишварҳои АвруОсиё хоҳад буд.
Ҷабборов 6 август дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар шаҳри Туркменбошӣ зикр кард, ки давлатҳои минтақа роҳи баромад ба уқёнусро надорад ва роҳҳо тариқи қаламрави Қирғизистонро пешниҳод намудааст, ки ба бандарҳои Қарочӣ ва Бандар Аббос мепайванданд.
Раиисҷумҳури Қирғизистон хоҳони таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо дар бахши энергетика шуда, таъкид намудааст, ки додугирифти гази табиию моеъ ва барқ ба фоидаи тарафайн роҳандозӣ гардад.

“Инчунин муҳим аст, ки шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии бор фароҳам гардад. Аз монеагузориҳо миёни кишварҳо ҷилавгирӣ шавад. Расмиёти убури марз ва транзит миёни кишварҳои мо бояд сода гардонда шавад”, - изҳор дошт Ҷабборов.

Ӯ барои густариши равобити тиҷорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкили Комиссияи байниҳукуматии панҷҷонибаро дар сатҳи ноибони сарвазирони кишварҳо пешниҳод намудааст.
Ин изҳороти Ҷабборов дар ҳолест, ки феълан Қирғизистон ҳамлу нақли бору мусофирони самти Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст.
Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркменбошӣ бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон идома дорад.