ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Қиммати гази моеъ асоситарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир ба таври бесобиқа боло рафта ба 6, 8 сомонӣ дакка хӯрдааст
Дар баробари ронандаҳо, фурӯшандаҳои маводи сӯхт ҳам дар бораи “рекордӣ” шудани нархи гази моеъ таъкид меварзанд.
Фурӯшандаҳо аз савдои кунд гила доранд сокинон аз нархи гарон
Як фурӯшандаи таъмингоҳи маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, болоравии нархи газ, ба камшавии савдои онҳо бетаъсир намондааст.
"Ду рӯз ба ин тараф мушоҳида мешавад, ки суръати савдо суст шудааст. Пештар ронандаҳо, барои пур кардани балони мошинашон дар навбат меистоданд, ҳоло аҳён – аҳён ба газхарӣ меоянд”, - гуфт фурӯшанда.
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ 70 дирам боло рафта 6, 7 ва дар баъзе ҷойҳо ба 6, 8 сомонӣ баробар шудааст.
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам дар ин миён аз 20 то 40 дирам тағйир ёфтааст. Ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 – 10 сомонӣ, АИ 92 - 9, 8 сомонӣ ва дизел – 9, 4 сомонӣ шудааст.
Бояд гуфт, то ин замон ба ин дараҷа нархи маводи сӯхт дар навоҳии кишвар гарон нашуда буд.
“Рекордӣ” шудани қиммати газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ бисёриҳоро нигарон кардааст, зеро чунин вазъ ба иқтисоди хонаводагии сокинон таъсири амиқ мегузорад.
Равшан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, дар муқоиса ба як моҳи пеш, нархи пур кардани газбалони хонааш беш аз даҳ сомонӣ баланд шудааст.
“Як моҳ пеш арзиши 10 литр газ 55 сомонӣ буд, ҳоло 67 сомонӣ шудааст. Дар шароити набуди кору даромади собит, чунин болоравии нарх ҳеҷ касро хурсанд намекунад”, - мегӯяд Равшан.
Болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 2, 7 – сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 5 сомонӣ ё аз 35 то 45% баланд шудааст.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯхта мешуд.
Бо сабаби баланд шудани қиммати маводи сӯхт, ҳоло арзиши хизматрасонии мусофиркашонӣ (таксӣ) низ дар шаҳру навоҳии Суғд тағйир ёфтааст.
Адолат як сокини шаҳри Бӯстон мегӯяд, танҳо дар ду рӯзи охир нархи хизматрасонии таксӣ дар Хуҷанд якбора ду сомонӣ баланд шудааст.
"Ин саҳар ба аёдати хоҳарам рафтам. Дар истгоҳ то дур автобусро мунтазир будам, аммо наомад. Ночор таксӣ фармоиш додам. Пеш аз он, ки ба мошин нишинам, ронанда дар бораи болоравии нархи хизматрасонӣ фаҳмонд. Гуфт, ки 12 – сомонӣ шудааст, нархи таксӣ барои дохили шаҳр”, - иброз намуд сокини Хуҷанд.
Пиёда мешавем
Болоравоии нархи газ чанд рӯз ба ин тараф дар миёни корбарони шабакаҳои Интерент аз ҷумла Facebook баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.
Баъзеҳо навиштаанд, ки дар чунин вазъият мошинро дам дода ба пиёдагардӣ мегузаранд.
“Аз пиёдагардӣ пул сарфа мешаваду ҳам бо ин роҳ саломатӣ барқарор мегардад”, - навиштаанд корбарони Интерент.
Шуморе аз роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё ба истилоҳ чаканафурӯшон, гароншавии нархи гази моеъро ба болоарвии нархи воридоти он рабт медиҳанд.
“Онҳое, ки ба воридоти гази моеъ машғуланд, дафъаи охир қиммати фурӯши як тона гази моеъро то ба 9500 сомонӣ баробар карда, мегӯянд, ки нархи воридот гарон шудааст”, - гуфт як фурӯшанда.
Ин дар ҳолест, ки оид ба “рекордӣ” шудани нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳол, масъулони Идораи зиддимонополӣ, ки ниҳоди назораткунандаи нарх дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, расман шарҳ надодаанд.