ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими равобит бо Эрон баён дошта, дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олиро муҳим хондааст.
Ба иттилои котиботи парлумони Тоҷикистон, феълан бо Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.
Зокирзода таъкид намудаст, ки барои тақвият додани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳанӯз имконияту иқтидорҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ мавҷуданд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо ҳамкориҳо бо Эрон дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намояд, омадааст дар иттилоия.
“Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем”, - омадааст дар иттилоия.
Дар навбати худ Муҳаммад Боқир Қолибоф сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Эрон оғози фасли нав дар муносибатҳои ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дӯстии муштарак гардид.