Баъди таҳлилу ояндабинӣ: Бонки мардумии Қазоқистон тарки Тоҷикистон мекунад

Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон, ки соли 2017 бо хариди “Казкомерсбонк” вориди бозори Тоҷикистон шуд, дар пайи таҳлили вазъу ояндабинӣ тасмим гирифтааст, ки ҷумҳуриро тарк кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бонки мардумии Қазоқистон эълон кард, ки "Халик бонк Тоҷикистон" – ро мебандад.
Қарори бастани ихтиёрии “Халик бонк Тоҷикистон” – ро Шӯрои мудирони Бонки мардумии Қазоқистон 31 июл қабул кард, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ин тасмим дар пайи таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои бонк қабул гардид. Гуруҳи Halyk аз натиҷаи таҳлилҳо ба хулосае омад, ки Тоҷикистонро тарк кунаду ба фаъолиятҳои дигари ояндадор тамаркуз намояд. Захираҳоро ба лоиҳаҳое равона созад, ки судоваранду зарфияти бузурги рушдро доранд, омадааст дар иттилоияи нашркардаи бонк.
Икромӣ дар бораи сирри муваффақияти бонк: "ҷазои кормандон ва муносибати хуб бо мизоҷон"
“Халик бонк Тоҷикистон” ба сохтори гуруҳи Halyk соли 2017 дар пайи хариди “Казкомерсбонк” ворид гардид. Ба ҳолати моҳи марти соли равон саҳми “Халик бонк Тоҷикистон” аз дороиҳои гуруҳи Halyk 0,03% - ро ташкил додааст.
Дар маълумотномаи марбути Бонки мардумии Қазоқистон омадааст, ки он аз гуруҳҳои пешсафи молиявии ин кишвар буда, дар давлатҳои дигари ИДМ – Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия низ фаъолият мекунад.