"Дар омор даҳчанд зиёду дар бозор ному нишон нест": интиқоди раис аз ҳисоботи дурӯғ

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ хост, нақшаҳо ва ҳисоботҳои оморӣ воқеӣ ва рост бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, дар шароити имрӯза индикатори асосӣ бозор аст. Бозор дурустӣ ё дурӯғ будани омору ҳисоботи пешниҳодкардаро нишон медиҳад.
Ёдгор Файзов, ки дар соли аввали таъйинаш ба мақоми раисӣ дар ВМКБ хостори ҳисоботу нақшаҳои воқеӣ шуда буд, дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон низ ин нуктаро таъкид намуд.

"Дар ҳоле ки аз рӯи маълумоти оморӣ истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулот даҳчанд зиёд аст, вале дар бозор аз он маҳсулот ному нишон нест, ин маънои онро дорад, ки омор дақиқ нест, ё изофанависӣ вуҷуд дорад", - изҳор дошт Файзов дар нишасти матбуотӣ.

Раиси ВМКБ зикр намуд, ки соли 2018 истеҳсоли картошка дар вилоят 52 ҳазор тонна буд, ва ӯ ба ин омор шубҳа карду асоснокии онро зери суол бурд.
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
"Дар шароити онвақта ва имрӯз ҳам истеҳсоли чунин миқдор картошка дар вилоят ғайриимкон аст. Соли гузашта дар вилоят 24 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд ва ин ҳам дақиқ нест. Нақша бояд воқеӣ бошад", - таъкид намуд раиси ВМКБ.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, вақте замин пурра дар дасти мардум аст, ҳисобу китоби дақиқро интизор шудан мушкил аст.
Нишондиҳандаи асосӣ дар шароити ҳозир бозор арзёбӣ шуд, ки дурустии ин ё он оморро нишон медиҳад.