Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон - пахши мустақим анҷом ёфт

Дар Эрон маросими савгандёдкунии президенти ҷадид Иброҳим Раисӣ ҷараён дорад
Sputnik
Бояд гуфт, дар интихоботи президентии Эрон - чаҳор номзад рақобат карданд.
Мубориза барои мансаби раҳбари кишвар байни сиёсатмадори муҳофизакор ва раиси додгоҳи олии Эрон Иброҳим Раисӣ, Моҳсен Ризай, Котиби Шӯрои мувофиқати қарорҳои қабулшуда, муовини раиси парлумон Ҳусейн Ғазизода Ҳошимӣ ва ислоҳотхоҳу собиқ роҳбари Бонки марказӣ Абулносир Ҳимматӣ сурат гирифт.
Раиси додгоҳи олии Эрон Иброҳим Раисӣ бо гирифтани бештарини овозҳо раисиҷумҳур интихоб шуд.
Зокирзода салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисӣ расонд
Президенти пешин Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихобот ширкат накард, зеро мӯҳлати дуввуми худро дар ин мақом ба анҷом мерасонад.
Ба гуфти коршиносон, Раисӣ, ки аз ҷониби раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ дастгирӣ мешавад, дар интихоботи президентӣ пирӯз хоҳад шуд.