Бонги хатар ва ҳозиршавии нерӯҳои се кишвар ба марзи Тоҷикистону Афғонистон - видео

Дар пайи бонги хатар нерӯҳои Тоҷикистону Русия бо лавозимоти ҷангии вазнин тайи шаш соат ва Ӯзбекистон давоми 10 соат ба майдони шартии мудофиавӣ ҳозир гардидан
Sputnik
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри як навор иттилоъ дод, ки майдони шартии ҷанг дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон бо масоҳати 200 ҳазор метри мураббаъ дар 25 километрии марзи Афғонистон ва 170 километр дуртар аз шаҳри Душанбе интихоб шудааст.
Ба гузориши ин ниҳод, дар пайи бонги хатар нерӯҳои ҷангии Тоҷикистону Афғонистон тайи шаш соат ва қувваҳои Ӯзбекистон бо тамоми техникаю таҷҳизоти вазнини ҷангӣ давоми 10 соат ба минтақаи муқовимати мудофиавӣ расиданд.
Дар размоиш нерӯҳои махсуси Ӯзбекистон, воҳидҳои пойгоҳи 201 ва сарбозону афсарони гарнизони Хатлон иштирок доранд. Марҳилаи ниҳоии размоиш 10 август ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Вазорати дифоъ, дар ин машқҳо ҳудуди 2 ҳазор низомии се кишвар, 25 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ, нақлиётӣ, зарбазану бомбафкан ва 300 адад техникаю таҷҳизоти махсус иштирок мекунанд.
Ҳадафи машқҳо санҷиши иҷрои вазифаҳо аз ҷониби нерӯҳои низомӣ дар сурати номуътадил гардидани вазъият дар марз бо Афғонистон арзёбӣ мешавад.