ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аъзои ҲНИТ ва ДИИШ мехостанд дар Исфара, Фархор ва Ваҳдат ҳодисаҳои террористӣ анҷом диҳанд.
Вазир корҳои дохила қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон дар ин давра се ҳодиса ё ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шудааст.
Рамазон Раҳимзода, зикр кард, ки дар Тоҷикистон амалҳои террористиро мехостанд аъзоёни Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ, содир намоянд.
Ба гуфтаи генерали тоҷик аз ин қазияҳо, як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат бояд сурат мегирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо пешгирӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ВКД таъкид доштанд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 143 нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.
Рамазон Раҳимзода афзуд, ки 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.
ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард: “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, ҲНИТ – 6 нафар, “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар, Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.