Раъно Насриддинова бидуни озмун донишҷӯ шуд

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", бидуни гузаштан аз имтиҳлони дохилшавӣ, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раъно Насриддинова барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо тавсия вазири маориф ва бидуни супоридани имтиҳондонишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид.
Зеро тибқи Низомномаи озмуни мазкур нафароне, ки соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3 мегарданд, пас аз хатми мактаби миёна тибқи ихтисоси интихобкардаи онҳо тариқи ройгон ва бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ, қабул карда мешаванд.
Зимнан, худи Насриддинова ҳам дар суҳбат ба агентии "Ховар" хабар додааст, ки баъди як моҳ сазовори номи пуршарафи донишҷӯ мегардад.
"Шарафманд аз онам, ки ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шуда, ҳуҷҷатҳои худро ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супоридам ва бе озмун донишҷӯ мешавам", - гуфтааст ӯ.
Дар идома Раъно изҳор доштааст, ки аз чунин имтиёз ғолибони дигари ин озмун бархӯрдор буданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқоташ бо ҷавонон, бо Раъно Насриддинова мулоқоти ҷолибу самимона анҷом дод.
Бо Рӯдакӣ авлодӣ дорӣ? сӯҳбати ҷолиби Президент бо Раъно Насриддинова
Зимни суҳбат раисиҷумҳур ба Раъно аҳсан хонду, ҳатто чанд масъул, аз ҷумла вазири маориф, раиси дастгоҳи президент, раиси кумитаи занон ва раиси ҷавононро аз ҷой хезонду гуфт, "истифода баред".
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.
Доварони озмун якдилона аз ҷамъи иштирокчиён шоҳҷоизаро ба ин хонандаи деҳотӣ аз Панҷакент сазовор донистанд. Барои ин пирӯзаш ба Насриддинова 60 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Раъно Насриддинова баъди комёб шудан ба озмуни китобхонӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки шавқи китобхонӣ барояш аз замони кӯдакӣ зуҳур кардааст.