Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Никол Пашинян: "мо муносибати шарикиро қадр мекунем"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сарвазири Арманистонро барои дубора ба ин маснад таъйин шуданаш муборакбод гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад котиботи президент.
Дар барқияи шодбошии кишвардори Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва омода аст, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандамонро дар ҳамаи самтҳо рушд диҳад.

"Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, президенти Тоҷикистон ба Никол Воваевич, сиҳатмандӣ, комёбӣ ва ба мардуми Арманистон сулҳу шукуфоӣ орзу кардааст.
Пашинян боз сарвазири Арманистон шуд
Ёдрас мешавем, ки дар ҷаласаи парлумон, президенти Арманистон Саркисян Никол Пашинянро, ки қаблан дар ин мақом кор мекард, сарвазир таъин кард.
Тибқи Қонуни асосии кишвар, пас аз оғози муҳлати ваколати Ассамблеяи Миллии нав интихобшуда, президент фавран номзадеро, ки аксарияти аъзои парлумон пешбарӣ кардааст, сарвазир таъин мекунад.