ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рӯзноманигорон дар нишасти матбуотии Рамазон Раҳимзода муносибати дурушту берун аз доираи одоби кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро бо ронандагон ба миён гузоштанд.
Вазири умури дохилӣ эътироф кард, ки воқеан ҳолатҳои муносибати дурушт ҷой доранд.
Ӯ афзуд, ки барои чунин муносибат бо шаҳрвандон бархе мақомдорони умури дохилӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, аз мақомот озод гардиданд. Вазир теъдоди ҷазогирифтаҳо ё барканоршудаҳоро ироа накард.
Раҳимзода гуфт, дар ниҳоди тобеяш Маркази таълимии кормандон фаъолият дорад ва ӯ дар пайи дарёфти шикоятҳо дастур додааст, ки сифати таълим дар Марказ беҳтар гардад, то чунин камбудиҳо дар мақомоти дохилӣ ҷой надошта бошанд.
Вазир инчунин эълони БДА – ро дар мавриди сабукӣ ба онҳое, ки маблағи ҷаримаро саривақт пардохт мекунанд, шарҳ дод.
Ӯ гуфт, ҷарима барои қонуншиканиҳо дар роҳ гуногун аст ва дар сурати саривақт пардохт кардан ҳаҷми ҳадди ақал татбиқ мешаваду дар сурати таъхиркорӣ меъёри баланд татбиқ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки баъзан ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори муносиботи дурушти кормандони БДА роҳ меёбанд, ки боиси интиқоди шаҳрвандон мегарданд.